- гӯш
- I[گوش]узви шунавоии инсон ва ҳайвон, узви ҳисси сомеа, ки дар сар воқеъ аст; гӯш кар шудан кор накардани узви шунавоӣ, шунида натавонистан; гӯш андохтан а) сухан шунидан; ба гапи касе диққат додан; б) ниг. гӯш додан; гӯш вазнин шудан суст шудани қувваи шунавоӣ, андак кар шудан; гӯш додан // гӯш кардан а) шунидан, истимоъ намудан, гӯш андохтан ба гапи касе; б) гуфта ва фармудаи касеро қабул кардан, ба гапи касе даромадан, аз рӯи гуфтаи касе амал кардан; гӯш доштан гапи касеро шунидан, ба сухани касе таваҷҷӯҳ намудан; гӯш сих кардан вақти пай бурдани хавфе гӯшҳои худро чун сих рост кардани ҳайвонот (мас., хар); бимеро ҳис карда ҳушёр истодан; гӯш сих шудан тарзи мафъулии гӯш сих кардан; гӯш тасфидан сурх ва гарм шудани гӯшҳои касе, ки гӯё аз ғайбат кардани ӯ ё зикри номи ӯ рӯй медодааст; гӯш ба даҳони касе дӯхтан сухани касеро бодиққат шунидан; гӯш ба тарафе рост кардан омодаи шунидани сухане шудан; гӯш ба фармони касе будан ба шунидани ҳарфи касе тайёр будан; ба иҷрои фармони касе омода будан, мутеъ будан; гӯш ба қимор будан бесаброна мунтазири шунидани хабаре будан; гӯши касеро тофтан а) танбеҳ додан, гӯшмол додан; б) касеро барои фош кардани сирре ё нагуфтани сухане таъкид кардан; гӯши касе ҷеғ задан дар гӯши касе худ аз худ шунида шудани садое; гӯшу майнаи касеро осуда мондан касеро бо гапи бисёр гаранг накардан; гӯшу чашми касе шудан ба ҷои касе коре ё чизеро назорат карда истодан; гӯшу ҳуш ба касе будан ниҳоят бо диққат шунидани ҳарфи касе; аз гӯш набаровардан аз ёд набаровадан, фаромӯш накардан; аз ин гӯш даромада аз он гӯш баромада рафтан сухани шунидаро дар ёд нигоҳ надоштан, зуд фаромӯш кардан (хусусан панду насиҳатро); ба гӯш гирифтан дар хотир нигоҳ доштан, фаромӯш накардан; ба гӯш расидан шунида шудани хабаре, овозае; ба гӯши касе расондан тарзи бавоситаи ба гӯш расидан; шунавондан, чизеро хабар додан ба касе; ба гӯши касе гуфтан гӯшакӣ гап задан бо касе; ба гӯши касе хондан а) ба касе хабар додан, касеро огоҳонидан аз чизе; б) ба касе чизеро талқин кардан; ба гӯши худ бовар накардан ба шунидани худ эътимод накардан; аз сухани касе ҳайрон шудан; гап ба гӯш надаромадан ба гапи касе гӯш наандохтан; ба панду насиҳати касе эътино накардан; дар гӯш доштан фаромӯш накардан, аз ёд набаровардан (сухане ё пандеро); саропо (сар то по) гӯш шудан // ҳама тан гӯш гардидан бо диққати тамом шунидан (сухани касеро); девор муш дорад, муш-гӯш (зарб.) эҳтиёт шуда гап задан лозим аст, ки касе нашунавадII[گوش]номи рӯзи чордаҳуми ҳар моҳи шамсӣ, ки эрониёни қадим онро ҷашн мегирифтанд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.